tgoop.com/mewrtj/2132
Create:
Last Update:
Last Update:
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҷаноби Олӣ,
Бо ибрози эҳтироми самимӣ Шуморо ба муносибати ҷашни мавлудатон самимона шодбош гуфта, дар ин санаи фараҳбахш бароятон умри дароз, саломатии қавӣ, неруи беинтиҳо ва саодати оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатдориатон фатҳи қуллаҳои нав ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу некуаҳволӣ ва рушди устувор орзумандем.
Таҳти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд ва дар ин замина, Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил ёфта, ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид. Муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, энергетика ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яъне, кулли дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо номи Шумо пайвасти ногустатанӣ доранд.
Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон дар пайрави ба сиёсати мақсадноки Шумо, Пешвои миллат дар роҳи пешрафту таҷдиди ҳамаҷониба дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт минбаъд низ уфуқҳои тозаро касб менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва аъзоёни оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми шарифи кишвар Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор таманно менамоем.
Бо арзи эҳтиром,
Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об
BY Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯

Share with your friend now:
tgoop.com/mewrtj/2132