Telegram Web
🇹🇯 🇹🇲 29-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Туркманистон Аннагелди Сапаров мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта, мусоҳибон барои густариши бештари муносибатҳо табодули афкор намуданд.


Дар анҷом, вазирон омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамкорӣ ба манфиати ҳар ду кишвар таъкид намуданд.

Муфассал
Подробнее

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: www.tgoop.com/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍71🤝1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Имсол, махсусан дар мавсими тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни истеҳсолу истеъмол дар мамлакат муваққатан маҳдудияти таъмини неруи барқ ҷорӣ карда шудааст.


Бозтоби мавзуи мазкур дар барномаи иттилоотии “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍721
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Мушоҳидаҳои Мустаони Ваҳҳоб, сокини ноҳияи Тоҷикобод, дар робита ба кам шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб – яке аз шохоби асосии дарёи Вахш, бозгӯи онанд, ки имсол воқеан, бо сабаби таъсири тағйирёбии иқлим, камборишӣ резиши об дар дарёҳои кишвар, махсусан, дарёи Вахш, коҳиш ёфтааст.

Маврид ба зикр аст, ки 85 фоизи иқтидорҳои истеҳсолӣ – неругоҳҳои барқи обӣ дар маҷрои дарёи Вахш ҷойгир буда, камшавии сатҳи об бевосита ба истеҳсоли неруи барқ, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон, таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.


Дар натиҷа, ҳаҷми неруи истеҳсолшуда нисбат ба меъёрҳои мавсимӣ коҳиш ёфта, ин ҳолат зарурати танзими муваққатии истеъмоли неруи барқро барои нигоҳ доштани тавозуни низоми энергетикӣ ба миён овард.

Навор аз саҳифаи Фейсбукии Мустаони Ваҳҳоб

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: www.tgoop.com/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍61
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Тағйирёбии иқлим ва пастшавии сатҳи об дар ҳавзаҳои гидроэнергетикӣ боиси коҳиши истеҳсоли неруи барқ гардида, дар мавсими тирамоҳу зимистон норасоии неру бештар эҳсос мешавад.

Бо дарназардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодӣ ба неруи барқ, зарур аст, ки ҳар як муштарӣ ба истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: www.tgoop.com/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍41
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Сабабҳо ва омилҳои ҷорӣ гардидани маҳдудияти бештари неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2025

Бозтоби ҳолати баамаломада аз ҷониби мутахассиси Неругоҳи барқи обии "Норак"


©️Наворро Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон омода намудааст.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍211👏1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар барномаи таҳлилии «Татбиқ»-и телевизиони «Илм ва табиат» мавзуъҳои рӯзмарраи соҳаи энергетика бозтоб гардианд:

Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика;

Кам гардидани истеҳсоли неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ аз сабаби кощиши резиши об дар дарёи Вахш;

Пурзӯр гардидани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ;

Зарурати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон.


************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍31
09-уми декабри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар маросими муаррифии лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то соли 2050» иштирок намуд.

Дар кори чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбута, роҳбарияти ҶСК «Помир Энерҷӣ», шарикони рушд ва коршиносон ҳузур доштанд.

Вазир зимни сухани ифтитоҳи қайд кард, ки лоиҳаи мазкур ба такмили бештари инфрасохтори энергетикии вилоят, баланд бардоштани устувории шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири идоракунӣ ва истифодаи захираҳои маҳаллии энергияи тоза равона шудааст.


Дар идома, доир ба таърих, таъсисёбӣ ва рушду ташаккули ширкати энергетикии ВМКБ – ҶСК «Помир Энерҷӣ», инчунин нақши ширкат дар таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо неруи барқ маълумоти муфассал ироа гардид.

Сипас, масъулон доир ба Стратегия рӯнамои муфассал манзур намуданд.

Cтратегия ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди минбаъдаи энергетикаи вилоят хизмат мекунад.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍51
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Иштироки корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи «Минбари андеша»-и телевизиони «Синамо»

Дар ҷараёни барнома масъалаҳои зерин матраҳ ва шарҳ дода шуданд:

•Вазъи таъминоти барқ дар давраи тирамоҳу зимистон;

•Истифодаи панелҳои офтобӣ;

•Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ.


********
Саҳифаҳои расмии Вазоратдар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍51
ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ: ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ ИДОРАКУНИИ УСТУВОРИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

10-уми декабри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Ҷаласаи якуми Шурои миллии об, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, камшавии захираҳои об ва афзоиши талаботи рӯзмарра ба оби тозаву босифат баргузор гардид, ба як рӯйдоди таърихӣ ва иқдоми муҳим дар самти таҳкими идоракунии устувори захираҳои оби кишвар табдил ёфт. Платформаи мазкур заминаи мусоид барои ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати давлатӣ, таҳияи стратегияҳои дарозмуддат ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байниидоравӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам овард.


Ҷаласа бо суханронии ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода оғоз гардид. Раиси Шуро иброз дошт, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тӯли ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоси стратегӣ пайдо карданд. Маҳз бо ибтикорҳои Cарвари давлат, Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид даҳ қатъномаи муҳимро дар бораи об қабул намудааст, ки татбиқи амалии онҳо ба пешрафти фаъоли Рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда, ҳамзамон ташаббусҳои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари манбаи обҳои фаровони минтақа боз ҳам мустаҳкамтар гардонид.

- Имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи омилҳои зиёди беруна қарор доранд: тағйирёбии иқлим, камшавии пиряхҳо, зиёдшавии аҳолӣ, рушди соҳаҳои саноат ва энергетика, инчунин афзоиши ниёзҳои кишоварзӣ. Ин ҳама боиси пайдоиши буҳронҳои нав дар бахшҳои амнияти озуқаворӣ, таъмини неруи «сабз», ҳамчунин обёрии заминҳо ва ҳифзи экосистемаҳо гардида, зарурати идоракунии ҳамгироёна ва оқилонаи захираҳои обро бештар мегардонанд, - таъкид кард С. Зиёзода.


Таъкид карда шуд, ки фаъолияти пурсамари Шурои миллии об метавонад ба таҳкими сиёсати давлатӣ дар самти об, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иншоотҳои гидротехникӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидати назаррас намояд.

Дар идома Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски ва намояндаи Дафтари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Раҳимжан Ассангазиев баромад намуданд.

Сипас, Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об, дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо ва механизми фаъолияти Шурои миллии об маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Иброз гашт, ки ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии кишвар мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар як платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.


Дар идома, натиҷаҳои татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва лоиҳаи Нақшаи ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардиданд.

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур, оид ба татбиқи истифодаи самараноку сарфакоронаи об, самарабахш намудани фаъолияти ҳавзаҳо, насби ҳисобкунакҳо дар нуқтаҳои тақсимоти об, таҳлили дақиқи истифодаи об аз ҷониби раиси Шуро дастурҳои мушаххас дода шуданд.


Дар охири ҷаласа Нақшаи кории Шурои милли об барои соли 2026 тасдиқ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №318 таъсис дода шудааст.

Муфассал
Подробнее
👍31👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
НАМОГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ

********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍2
2025/12/10 20:10:30
Back to Top
HTML Embed Code: