Warning: Undefined array key 0 in /var/www/tgoop/function.php on line 65

Warning: Trying to access array offset on value of type null in /var/www/tgoop/function.php on line 65
2168 - Telegram Web
Telegram Web
🇹🇯 🇺🇳13-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчанро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону UNECE дар соҳаҳои энергетика, об ва иқлим табодули афкор намуданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешоҳанг дар масъалаи обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Хонум Татяна Молчан аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об истиқбол намуд.


Таъкид гардид, ки соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд, ки ин иқдоми муҳим боз як марҳалаи навро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим фароҳам меорад.

@mewrtj
👍6🤝1
14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб «40 Capital» мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар бахши энергияи сабз ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо ишора ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар зикр намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буд, Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои нав тамоми шароити мусоид фароҳам овардааст.


Ҷониби ширкат таваҷҷуҳи хоссаи худро ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои неругоҳҳои хурди барқи обӣ изҳор намуд.

@mewrtj
👍81
ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА»

14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуд.

Муфассал⤵️
👍51🆒1
ЭНЕРГЕТИКА: ИМЗОИ СЕ ПРОТОКОЛ ВА ДУ ЁДДОШТ

14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Муфассал⤵️
👍91👏1
🇹🇯 🇬🇧14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» намояндагони Вазорати энергетика ва сифрии карбони Британияи Кабирро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабирро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самтҳои рушди неруи барқароршаванда, коҳиши партовҳои карбон ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои энергияи «сабз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳмонон аз сатҳи баланди ташкилии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» ва иштироки фаъоли доираҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

@mewrtj
👍21🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Андешаҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа доир ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»

#DushanbeInvest2025

@mewrtj
👍101👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА»

14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуд.
____________________________
ЗЕЛЁНАЯ ИНФРАСТРУКТУРА И ЧИСТАЯ ЭНЕРГИЯ

14 октября 2025 года, Душанбе. – Под таким названием в рамках Международного инвестиционного форума «Dushanbe Invest – 2025» состоялось панелная сессия, в котором принял участие и выступил министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа.

@mewrtj
👍711
🇹🇯 🇯🇵 15-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута вохӯрӣ анҷом дод.

Мусоҳибон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуда, ба масъалаҳои тавсеаи муносибатҳо дар самти рушди энергетикаи «сабз», татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва баланд бардоштани иқтидори техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.


@mewrtj
👍72
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 260 нафар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.

Форум як платформаи муҳими минтақавӣ барои муколама, табодули таҷриба ва банақшагирии муштараки ташаббусҳои экологӣ байни ҷавонони Осиёи Марказӣ гардид.
_____________________________
В городе Гулистан Согдийской области прошел Третий Молодёжный Форум бассейна реки Сырдарья, в котором приняли участие более 260 человек из Таджикистана, Узбекистана и Кыргызстана.

Форум стал важной региональной площадкой для диалога, обмена опытом и совместного планирования экологических инициатив среди молодёжи Центральной Азии.

@mewrtj
👍81🤝1
2025/10/19 21:34:44
Back to Top
HTML Embed Code: