Warning: Undefined array key 0 in /var/www/tgoop/function.php on line 65

Warning: Trying to access array offset on value of type null in /var/www/tgoop/function.php on line 65
2146 - Telegram Web
Telegram Web
ГУЗАРИШ БА ЭНЕРГЕТИКАИ «САБЗ»: ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАСИР ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРАД

02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 мизи мудаввари Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) таҳти унвони «Суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.


Муфассал⤵️
👍6🤝1
ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

03-юми октябри соли 2025, Душанбе. – Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҳамоиши идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гашт.

Муфассал⤵️
👍8🎉1
ИШТИРОКИ ВАЗИР ДАР АВВАЛИН ВОХӮРИИ СҲШ ВА ЛКА

03-юми октябри соли 2025, Остона. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар аввалин ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Лигаи кишварҳои араб (ЛКА), ки таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва энергетикаи устувор» дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.


Муфассал⤵️
👍61
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ТАЪМИНИ СОКИНОНИ ВМКБ БО НЕРУИ БАРҚ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҶСК «Помир Энерҷӣ» ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ бо неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.


Ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Себзор» иқтидори энергетикии вилоятро назаррас афзоиш дода, барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо неруи барқ шароити мусоид фароҳам овард.


#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍511
🇹🇯Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии онро инъикос менамояд, ба кулли ҳамватанон ҳумоюн бод!

@mewrtj
👍42🕊1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар вилояти Суғд истеъмоли неруи барқ сол ба сол аз ҳисоби рушди босуръати соҳаи саноат, бунёди иншоотҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши шумораи аҳолӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Давоми чанд соли охир талабот ба неруи барқ қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.


Айни замон ҳар моҳ беш аз 300 муштарии нав ба шабакаҳои тақсимоти барқ пайваст мегарданд.

Бо дарназардошти чунин суръати афзоиш, дар баробари бунёди иқтидорҳои нав яке аз роҳҳои таъмин намудани талабот ин самаранок ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ, махсусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад.


#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍41
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ,


Бо ибрози эҳтироми самимӣ Шуморо ба муносибати ҷашни мавлудатон самимона шодбош гуфта, дар ин санаи фараҳбахш бароятон умри дароз, саломатии қавӣ, неруи беинтиҳо ва саодати оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатдориатон фатҳи қуллаҳои нав ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу некуаҳволӣ ва рушди устувор орзумандем.

Таҳти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд ва дар ин замина, Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил ёфта, ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид. Муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, энергетика ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яъне, кулли дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо номи Шумо пайвасти ногустатанӣ доранд.


Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон дар пайрави ба сиёсати мақсадноки Шумо, Пешвои миллат дар роҳи пешрафту таҷдиди ҳамаҷониба дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт минбаъд низ уфуқҳои тозаро касб менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва аъзоёни оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми шарифи кишвар Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор таманно менамоем.

Бо арзи эҳтиром,
Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об
9👍5🕊1
06-уми октябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати корӣ оид ба оғози корҳои амалӣ дар самти татбиқи саривақтии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2025, №477 «Дар бораи Тартиби пайдарҳамии истифодаи маблағҳои ба суратҳисоби ҶСК «Барқи Тоҷик» воридшуда» шуруъ гардид.

Муфассал⤵️
👍61
МУЛОҚОТ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БАТР

07-уми октябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Бауман вохӯрӣ анҷом дод.


Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар соҳаи энергетика, махсусан татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО Қайроққум», «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва Барномаи рушди соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда ва ташаббусҳои нав иброз намуданд.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍71🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ДУШАНБЕ: ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2025 ва рафти иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ дода шуда мариди баррасӣ қарор гирифт.


#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍31
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ДУШАНБЕ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Бо мақсади таъмини боэътимоди сокинони пойтахт бо неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, аз ҷониби Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ва профилактикӣ тақвият дода шуданд.


Дар доираи ин тадбирҳо, таъмиру азнавсозии хатҳои интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати техникии таҷҳизоти энергетикӣ ба таври мунтазам амалӣ гардида истодааст.

Ҳамзамон, бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи ҳисобу назорати истеъмоли неруи барқ ва кам намудани талафот дар шабакаҳо, насбу истифодаи ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ идома дорад.

Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳисоббаробаркунӣ миёни истеъмолкунанда ва ширкат дақиқ сурат гирад ва шаффофияти раванди таъминот бештар таъмин шавад.

@mewrtj
👍31
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕСОЗАД: ФОРУМИ СЕЮМИ ҶАВОНОН ДОИР МЕШАВАД

11-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад.


Бори аввал дар форум, ҷавонони се кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъ меоянд.

Форум дар доираи Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти соҳаи об, рушди иқтидори кадрӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои ҳавзаи дарёи Сир мебошад.


@mewrtj
👍5🤝1
09-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот оид натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар ин давра ироа гардид.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Вазорат, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастурҳои мушаххас дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ 152 иҷро гардида, дар 25 банди дигар корҳо идома доранд, ки 86 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

@mewrtj
👍7🆒1
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ МУКОЛАМАИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА ЭНЕРГЕТИКА

10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Форуми муколамаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба энергетика, ки дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар ҳошияи Форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ-2025» баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Муфассал⤵️
👍2🤝2
ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ ЧОР МАСЪАЛА БАРРАСӢ ШУД

10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Шурои илмӣ-техникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муфассал⤵️
👍41
«Иқтисоди сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» — таҳти чунин унвон аз 14 то 16 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор мегардад.
______________________
С 14 по 16 октября в столице Таджикистана состоится Международный инвестиционный форум «Dushanbe Invest – 2025», который станет ключевой площадкой для продвижения «зелёных» инвестиций, устойчивого развития и цифровой трансформации в Центральной Азии.

@mewrtj
👍2🕊1
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» ДАР СЕМОҲАИ СЕЮМ

13-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар нуҳ моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

Муфассал⤵️
👍71
2025/10/20 04:36:53
Back to Top
HTML Embed Code: