Warning: Undefined array key 0 in /var/www/tgoop/function.php on line 65

Warning: Trying to access array offset on value of type null in /var/www/tgoop/function.php on line 65
- Telegram Web
Telegram Web
📸 ВОХӮРИИ САРМУҲАРРИРИ МАҶАЛЛАИ АДАБӢ ИЛМӢ ВА ФАРҲАНГИИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ" АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА БО ҶАМОАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 56-УМИ НОҲИЯИ САРИОСИЁ...

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
👍21
ҶАШНИ ПУРШУКӮҲИ САДСОЛАГИИ МАКТАБИ РАҚАМИ 7-УМИ НОҲИЯИ САРИОСИЁ

Дар рӯзи ҷашни касбии устодону омӯзгорон ҷамоаи мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо иштироки устодони собиқадор ва шогирдони дирӯзу имрӯзи мактаб як ҷамъомади хуби идона баргузор гардид.
Сарвари мактаб Рустам Раҳмонов ҷамъомадагонро бо таърихи пурибрати мактаби номбурда шинос кард ва аз устодону шогирдони обрӯманди он ёдовар шуд.

Омӯзгорони собиқадор ва хатмкардагони собиқ мактаб дар бораи солҳои мактабхонӣ ва шароитҳои хуби имрӯза ҳарф заданд.

(Дар бораи таърихи 100-солаи мактаб ва тадбири баландмазмуни баргузоршуда гузориши батафсил медиҳем)

Суратҳо аз рафти ҷамъомад.

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ
👍31
#ТАЪЗИЯ

Нависандаи чирадаст, педагоги моҳир, номзади илмҳои таърих, дотсент АБДУЛЛОҲИ ТОҲИРИЁН дар айни камолоти эҷодӣ дар синни 64 моро тарк кард. Ӯ зодаи ноҳияи Сӯх буд ва дар шаҳри Тошканд зиндагиву фаъолият дошт. Дар рушду нумӯи таълим, минҷумла, таълими тоҷикӣ ҳиссаи сазовор гузошт. Дар тарҷумаи китобҳои дарсӣ ҳиммати баланд нишон дод. Навиштаҳояш баёнгари рӯзгори ҷомеа буданд.
Маҷмӯаҳои ҳикояю мақолаҳои Абдуллоҳи Тоҳириён бо номи “Андешаҳо баҳри дарёфти маънавият”, "Неку бади дунё", “Ғиреви гунг” чоп шудааст.
Худованд рӯҳи адибро ғариқи раҳмат гардонад.
Ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳем.

Шӯрои адабиёти тоҷик ва таҳририяти маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
🙏42👀1
#ОБУНА_2026

Ассалому алайкум ҳамдиёрони арҷманд!
Ман боварӣ дорам, барои соли 2026 ба маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" худатон ва дӯстонатонро обуна карда, барои пешрафти адабиётамон кӯмак мекунед.

💵 Нархи обуна барои як сол 200 000 сӯм.

Аз ҳамаи Шумо сипосгузорем, ки бо ёрии Шумо се соли расо маҷаллаи мо бо сифати хуб руйи чопро мебинад.

Карта барои обуна.

💳 HUMO: 9860190109124999
Асадулло Шукуров

Баъди гузаронидани маблағ варақаи ҳисобӣ (чек)- ро бо суроғаатон ба мо фиристед ба Шумо варақаи тасдиқ (квитанция) медиҳем.
Барои ба Шумо саривақт расонидани маҷалла кафолат медиҳем.

Бо арзи эҳтиром ва хоҳиш ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ".

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
​​«ХУФАР»

Китоби деринтизори аҳли илму адаб, аввалин меҳрномаи дилпазир бо номи “ХУФАР” бо банду басти зебо бо рухсати нашриёти “Sahhof” чоп шуд.

Деҳаи Хуфар яке аз қадимтарин ва бузургтарин деҳоти ноҳияи Сариосиё буда, дар домани силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Дараи Ниҳон ҷойгир аст. Ин деҳа бо мардуми меҳнатқарин, инсонҳои илмдӯсту фарҳангпарвар, олимони нуктадону эҷодкорони хушгӯи худ, ки дар таърих аз худ осори боарзиши илмию фарҳангӣ ва адабию ҳунарӣ боқӣ гузоштаанд, шуҳрат дорад.
Асари пурмуҳтавою пурарзиши пажӯҳишгар, дӯстдори арзишҳои таърихию фарҳангии халқамон Давлатбой Маҳмудов чун аввалин навиштаи ҷомеъ, шиноснома, роҳнамои хубу хонданӣ доир ба Хуфар ва хуфариён фарогири масоили таърихию гоҳшиносӣ, мардумшиносӣ, маконшиносӣ-топонимӣ, гӯйиши хос, таронаю сурудҳои мардумӣ, суннатҳои хоси оиндории мардум, мактабу маориф, мақоми волои ҷамъиятию фарҳангии бархостагони ин деҳаи пуровоза, ҳамзамон осори дилпазири назмию насрии аҳли қалами Хуфар аст.
Бо як сухан, китоби мазкур ба сифати сарчашмаи илмию оммавӣ ва фарҳангиву бадеӣ ҷиҳати ошноии бештар ба деҳаи Хуфар ва бошандагони он кӯмак хоҳад кард ва барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Муҳаммадиқбол Исмоилзода,
корманди Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ


https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
👍83
ВОХӮРҲО ДАР УРГУТ

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" бо сарварии сармуҳаррири маҷалла, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Асадуллоҳ Исмоилзода дар мактабҳои рақами 5, 49, 102 ва 122-юми ноҳияи Ургут вохӯриҳо ташкил намуда, ба тарғибгарони маҷалла барои ҳамкорӣ ТАШАККУРНОМА ва китобҳои тозанашр  тӯҳфа кард.

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
📸 ВОХӮРИИ ҶАМОАИ ЭҶОДИИ МАҶАЛЛАИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ" БО ҶАМОАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 5-УМИ НОҲИЯИ УРГУТ.

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
📸 ВОХӮРИИ ҶАМОАИ ЭҶОДИИ МАҶАЛЛАИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ" БО ҶАМОАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 49-УМИ НОҲИЯИ УРГУТ.

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
📸 ВОХӮРИИ ҶАМОАИ ЭҶОДИИ МАҶАЛЛАИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ" БО ҶАМОАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 102-ЮМИ НОҲИЯИ УРГУТ.

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
📸 ВОХӮРИИ ҶАМОАИ ЭҶОДИИ МАҶАЛЛАИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ" БО ҶАМОАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 122-ЮМИ НОҲИЯИ УРГУТ.

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
👍1
#ОБУНА_2026

Ассалому алайкум ҳамдиёрони арҷманд!
Ман боварӣ дорам, барои соли 2026 ба маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" худатон ва дӯстонатонро обуна карда, барои пешрафти адабиётамон кӯмак мекунед.

💵 Нархи обуна барои як сол 200 000 сӯм.

Аз ҳамаи Шумо сипосгузорем, ки бо ёрии Шумо се соли расо маҷаллаи мо бо сифати хуб руйи чопро мебинад.

Карта барои обуна.

💳 HUMO: 9860190109124999
Асадулло Шукуров

Баъди гузаронидани маблағ варақаи ҳисобӣ (чек)- ро бо суроғаатон ба мо фиристед ба Шумо варақаи тасдиқ (квитанция) медиҳем.
Барои ба Шумо саривақт расонидани маҷалла кафолат медиҳем.

Бо арзи эҳтиром ва хоҳиш ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ".

https://www.tgoop.com/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
2025/10/15 22:10:20
Back to Top
HTML Embed Code: