Telegram Web
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
аз худ марав😐🧑‍🦯

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
БИЁ, ЭЙ СОЛИ НАВ

Биё, эй соли нав, бар манзили мо,
Зи шодӣ пар кушояд ин дили мо.

Биё, бар қалбу ҷони мо асар кун,
Дили шодони моро шодтар кун.

Зи иқдомат ҳама масрур гардем,
Зи дарду ранҷу ғамҳо дур гардем.

Диёри нозанинам - Ӯзбекистон,
Ки ҳар як гӯшаи ӯ сад гулистон.

Бигардад боз ҳам сарсабзу хуррам.
Набошем аз дигарҳо ҳеҷ гаҳ кам.

Шавад ободтар ҳар шаҳру ҳар деҳ,
Ҳаёти мо бигардад боз ҳам беҳ.

Кушоянда дари иқбол мебош,
Навои сози истиқлол мебош.

Дар олам минбари сулҳу сафо шав,
Аҷаб як соли хубе баҳри мо шав.

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Биё, эй соли пур аз бахту шодӣ,
Ба орзуҳои тифлон ҳамсафар бош,
Бирезӣ барфи бахти поку испед,
Ба қалбу дидаи мо шӯълавар бош!

Аё, эй соли пур аз орзуҳо,
Биёвар баҳри мардум шодӣ инъом.
Ки то дар ёди онҳо монӣ ҷовид,
Чу як хушсоли бофайзу накӯном. 

Биё барнеҳ қудуми тозаю тар,
Аё, эй Соли Нав, соли  саодат.
Бувад пурнозу неъмат хони мардум,
Зи рӯи ту дамад файзу саховат!

Биё, эй муждаовар соли бохайр,
Бирезӣ зарра-зарра барфи заррин,
Ки бо дилҷамъию бо нияти нек,
Туро ҷашне гирем чун соли пешин!

ОЗАРМЕҲР

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
ХОҲИШ АЗ СОЛИ НАВИ МИЛОД !..

Ман аз Соли Нави милод, канори ёр мехоҳам,
Муҳаббатҳои ширине, ба дил бисёр мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, паси сар карда ин соле,
Ба ҳар як одами дунё, барори кор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба зориву таваллоҳо,
Шифойи комили ҳар бандаи бемор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, тани солими одамро,
Ба саркӯбӣ, Худогӯйӣ, ба сад зинҳор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, баройи кулли сайёра,
Фазойи беғубори орӣ аз  куштор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, сари ҳар як муҳоҷирро,
Ба рӯйи зонувони модарони зор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, аз тарси Худовандӣ,
Каме инсоф, ба ҳар савдогари бозор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба истиқболи Наврӯзӣ,
Дили аз шодиву базму тараб, саршор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, сари ду зону бо саҷда,
Ба боғу хӯшаи гандум, сари пурбор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ҷамоли одамиятро,
Кушода, бениқоб, бепардаву асрор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба васфи Модари тоҷик,
Зи дасти хомаи дил, беҳтарин ашъор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба ду чашми умедворӣ,
Ба Кайҳон, аз дари Яздон, дили бедор мехоҳам.


𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ассалому алейкум Соли нави 2025–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави 2024-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои худ самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Кида инстаграм хаст админда друзья партоетон атвет мегандона админ: adkxo_ 👈
anonymous poll

ман партофтам – 11
👍👍👍👍👍👍👍 85%

ман напартофтам холи – 2
👍 15%

👥 13 people voted so far.
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Як рӯз рӯсафедаму як рӯз рӯсиёҳ,
Як рӯз пургуноҳаму як рӯз бегуноҳ.

Як рӯз рӯйи зинаму як рӯз зин ба пушт,
Як рӯз дар самояму як рӯз зери чоҳ.

Ҳар рӯз зиндагониям якранги ранг нест,
Як рӯз чун гадояму як рӯз мисли шоҳ.

Бо қудрати муҳаббати ҷонзӯзи дилрабо
Як рӯз дар заминаму як рӯз рӯи моҳ.

Як рӯз ман ғазалсаро дар базми дил, вале
Як рӯз дилфигораму бепушту бепаноҳ.

Як рӯз дар канори ӯ ҷуфти муносибам,
Танҳову дилшикастаам як рӯз рӯи роҳ.

Як рӯз ҳамраҳам бувад шодии беҳисоб,
Як рӯз дар насиби ман дардасту ранҷу оҳ.

Як лаҳза мисли булбулам, як лаҳза мисли зоғ,
Як рӯз тоҷбарсарам, як рӯз бекулоҳ.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ҳар гуле хӯшбӯй бошад дар ҷаҳон бехор нест
Одами дар зиндаги бедӯсту беағёр нест
Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар
Лек умри одами дар зиндаги такрор нест
Ҳарфи хуш бар қалби ҳар инзон чун малҳам бувад
Соҳиби ҷаннат бувад ҳар кас,ки дилозор нест
Нози кӯдакро ба ҷуз модар набардорад касе
Ҳайфи фарзанде,ки дар пири варо ғамхор нест

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ба ҳусни туркдухтар ки саропо макру исёнаст,
Намеарзад бубахшоям ғубори нохуни пойро.
Агар Ҳофиз ту медиди ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекарди тамоми рӯи дунёро.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дӯст, аз пурсоният шодам, Худо шодат кунад ,
Ҳар куҷо дар кори нек, дасти имдодат кунад....

Ту ба як пурсиш диламро гарм кардӣ, оқибат,
Ман дуъо гӯям Худоро, хонаободат кунад.

Ман чӣ гӯям эй азиз, ошно гӯям туро,
Ошнои ошноҳо аз ғам озодат кунад....

Заррае гар ёди ман дар он дили гарми ту буд ,
Меҳрубони хонайи дил, Меҳрубон ёдат кунад.

Ту маро гар дӯст медорӣ, дуъо гӯям ба Дӯст,
Дар ду дунё Дӯсти ман, дӯст фарёдат кунад..

Эй, ки лафзи дӯстӣ дорӣ, муборак бошадат,
Зикри номи хеш Худоям, хати авродат кунад.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оча доран дигарон оча надорм очачон - Бехтарин суруди точики

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Якеро дӯст гуфтам, душманӣ кард,
Якеро хуб гуфтам ман-манӣ кард,
Якеро оқилаш хондам чу инсон,
Дареғо мисли ҳайвон золимӣ кард.
Якеро фикр кардам дил сафед аст,
Дарахти сояафкан ҳамчу бед аст,
Надониста бигуфтам дусти ҷонӣ,
Дареғо, ки ба некиҳо бадӣ кард.
Якеро хондамаш ростгуй, росткор,
Бароям аз ҳама дусти вафодор,
Нафаҳмидам, ки будаст ӯ ҷафокор,
Чу рубоҳ ҳиллагар дуруягӣ кард.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Баъди маргам санги қабрам қимати хоҳам чикор
Даста гулҳои қашангу зинати хоҳам чикор.
Хандаҳоядро ҳамин имрӯз мехоҳам биханд
Баъди маргам гиряву бетоқати хоҳам чикор

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
БИДОН ЭЙ ДӮСТ ҲАЁТ ФАРДО НАДОРАД.
БА ШАРТИ МО ФАЛАК ПАРВО НАДОРАД,
АГАР РӮЗЕ АҶАЛ ОЯД БА МЕҲМОНИ,
ПИРИЮ ҶАВОНИ ҲЕҶ МАЪНО НАДОРАД.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
2025/06/15 04:11:52
Back to Top
HTML Embed Code: