Warning: Undefined array key 0 in /var/www/tgoop/function.php on line 65

Warning: Trying to access array offset on value of type null in /var/www/tgoop/function.php on line 65
2187 - Telegram Web
Telegram Web
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Гузориши телевизиони МИР 24 аз Неругоҳи барқи обии «Норак» ва рафти корҳои таҷдид
___________________
Телевизионный репортаж телеканала МИР 24 с Нурекской гидроэлектростанции и о ходе работ по модернизации (реконструкции)

@mewrtj
👍621👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
МИНТАҚАИ РАШТ: ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

Дар Рашт таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Рашт дар нуҳ моҳи соли 2025 ва рафти иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ дода шуда мариди баррасӣ қарор гирифт.

#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍411
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои об, энергетика ва тағйирёбии иқлим баргузор шуд. Дар кори он муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷаласа бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони аврупоӣ сурат гирифа, ҳадафи он таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳои об ва энергетика, ҳамчунин тақвияти иқдомҳои муштарак барои пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад.

Зимни ҷаласа таваҷҷуҳи хоса ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” равона карда шуд, ки иншооти мазкур санги асоси ояндаи минтақа дар рушди энергетикаи тоза ва устувор арзёбӣ гардид.

@mewrtj
👍2🤝1
2025/10/20 15:57:13
Back to Top
HTML Embed Code: