Telegram Web
Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракаатуҳу.

Эҳтимол дорад, ки фардо дар баъзе кишварҳо ъид бошад.
Чунки усул ва қавоъид дар шариат ҳамин аст, ки вақте, ки моҳи рамазон 29 - рӯз шавад, пеш аз нишастани офтоб мардум барои дидани ҳилоли шавол, ба тарафи офтоб нишин нигоҳ мекунанд.
Вақте, ки ҳилоли шавол дида шавад, фардои ҳамон рӯз, қози ъидро эълон мекунад.
Чунки имрӯз рамазон дар баъзе кишварҳо 29 - рӯз шуда аст, ва дар баъзе кишварҳо 28 - рӯз шуда аст.
Чунки баъзе кишварҳо ҳилоли рамазонро як рӯз пеш диданд.

Ва Ногуфта намонад, ки дар рӯзи ъӣди фитр баъзе масоилҳое аст, ки донистанаш муҳим аст.
Аввал ин, ки бисёр касон дар шаби ъид ъибодат ро тарк мекунанд ва аз ёди Аллоҳ ғофил мешаванд .
Оё дар шаби ъид ъибодат кардан ягон фазилате дорад?
Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки шаби ъид ъибодат кардан афзал аст, аммо аҳли ъилм ин ривоятҳоро заъиф мегӯянд.
Аммо шаби ъид мисли дигар шабҳо аст, ки бояд дар шаби ъид низ Аллоҳи мутаъаалро ъибодат кунанд.

Субҳи рӯзи ъид баъди хондани намози бомдод, хӯрдани чизе сунат аст қабл аз ин ки инсон ба тарафи намози ъид биравад. Ҳазрати Бурайда мефармоянд ки Наби Акрам салавллоҳу алайҳи ва саллам,

وعن بريدة قال: «كان النبي صلى الله عليه وسلم لا يخرج يوم الفطر حتى يطعم، ويوم النحر لا يأكل حتى يرجع فيأكل من نسيكته»

Рӯзи ъид фитр аз хона берун намебаромадан магар чизе мехӯрданд. Ва дар ъид азҳо ( Ъид қурбон ) чизе намехӯрад магар аз намози ъид бар мегаштанд.
Ва суннат ин аст ки хурмо хӯрда шавад ва он ҳам тоқ бошад, монанди 1 , 3 , 5 , 7 .....

Ҳазрати Анас ибни молик мефармоянд ки Наби акрам салавллоҳу алайҳи ва саллам қабл аз ин ки ба намоз бираванд хурмо мехӯрданд ва он ҳам тоқ буд , 1, 3 , 5 , 7 .

Садақаи фитрро бояд
Пеш аз хондани намози ъид дода шавад.

Аммо се рӯз пеш ё ду рӯз пеш ё як рӯз пеш садақаи фитрро доданд назди мазҳаби Аҳноф мустаҳаб аст.

Аммо афзал ин аст ки инсон намоз бомдод ро бихонад, ва баъд аз намоз садақаи худро ба ниёз ман дон бидиҳад.

Садақаҳи фитр барои мискинон ва фақирон ва ниёзмандон ки еҳтиёҷ доранд дода мешавад.

Ама касе то адои намози ъид садақаи фитрро адо накард дигар садақаяш қабул намешавад.
Зеро садақаи фитр, каме костагиҳои дар рӯза пеш омада аст ӯро ҷуброн мекунад.

Баъди додани садақаи фитр, ғусл кардан суннат аст барои намози ъид.
Баъдан либоси тоза ва зебо дар бар кунад ва хушбӯй занад, ва ба тарафи масҷид барои хондани намози ъид барояд, ва такбир гуфтан мегирад, то вақте, ки имом барои хондани намози ъид бархост дигар такбир намегӯяд.

Калимоти такбир.
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ло илоҳа иллаллоҳу, валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ва лиллоҳи ҳамд.*

Яъне аз намози бомдод то вақти намози ъид такбир зиёд бигӯяд.

Ва Ногуфта намонад, барои намози ъид азон ва қомате гуфта намешавад, ва пеш аз намози ъид ва баъди намоз суннат ё нафл хонда намешавад.
Ва Ногуфта намонад, ки ба як роҳ ба масҷид меравад ва ба дигар роҳ аз масҷид ба хонааш меояд, ин ъамали Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аст.
Ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳи мефармоянд, ки

عن جابر بن عبد الله قال: «كان النبي صلى الله عليه وسلم إذا كان يوم عيدٍ خالف الطريق»

Наби акрам салавллоҳу дар рӯзи ъид мухолифат дар роҳ мекард .
Яъне аз як роҳ мерафт ба дигар роҳ бар мегашт.

Ва ҳамчун пиёда рафтан ба масҷид суннат аст, агар наздик бошад, чунки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва асҳобаш пиёда ба масҷид мерафтанд ва пиёда бар мегаштанд аз масҷид.
Инсон бояд кӯшиш кунад ин ъамалҳоро анҷом диҳад.

Боракаллоҳу фикум.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
Audio
Масъалаи намози ид хондан ба ғайр аз масоҷид📚
Audio
•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
(99) - عَنْ أَََبِي أَيُّوبَ الْأََنْصَارِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أ: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ.
(مسلم - 1164).

Хадис!
Абу - Айюуби Ансори, разияллоҳу ъанҳу, мегӯяд!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Ҳар касе, ки моҳи рамазонро рузаҳ бигирад.
Ва баъд аз он шаш рӯзи моҳи шаволро низ рузаҳ бигирад, ин ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

(Муслим - 1164).


Шарх!
Ва маъной - (кона ка сиёми даҳр)

(كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ)

Яъне - ҳар касе, ки моҳи рамазонро ба пурраги рузаҳ, бигирад, ва баъд аз моҳи рамазон шаш рӯзи моҳи шавволро низ рузаҳ бигирад, аз ҷиҳати ҳисоби аҷрҳо ба монанди оне аст, ки гуё як соли пурраҳро рузаҳ гирифтааст.
Яъне, ки савоби рузаҳ гирифтани - 36, рӯз, баробар ба - 360, рӯз мешавад.
Чунки дар ҳар як рӯзе аз рӯзҳой моҳи рамазон, 10 - савоб мегирад, ва дар си рӯзи моҳи рамазон 300 - савоб мегирад, ва дар 6 - рӯзи моҳи шаввол, шаст савоб мегирад, ин баробар мешавад ба ъададҳой рӯзҳой сол.
Пас рузаҳ гирифтани моҳи рамазон, ва рузаҳ гирифтани шаш рӯз, аз моҳи шаввол, ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

Аллоҳи мутаъаал фармудааст!

(مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشْرُ أَمْثَالِهَا).

Ҳар касе, ки ъамале анҷом диҳад, аҷраш барой ҳамон шахс даҳ баробар мебошад.
Аллоҳу аълам.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
Иди Саъиди Фитр бар якоякатон муборак бошад. Аллоҳи Меҳрубон тамоми кӯшишҳову хайрҳое, ки дар ин моҳи Шариф кардед, қабул ва мавриди писанди даргоҳи бениёзаш гардонад. Аллоҳи Бузург ҳамаи мову шуморо то ба Рамазони дигар соқу саломат расонад. Амин🤲🤗

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1215 - عَنْ أَبِي حُمَيْدٍ السَّاعِدِيِّ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ قَالَ: اسْتَعْمَلَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَجُلاً مِنَ الأَزْدِ عَلَى صَدَقَاتِ بَنِي سُلَيْمٍ يُدْعَي ابْنَ الأُتْبِيَّةِ، فَلَمَّا جَاءَ حَاسَبَهُ، قَالَ، هَذَا مَالُكُمْ، وَهَذَا هَدِيَّةٌ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «فَهَلاَّ جَلَسْتَ فِي بَيْتِ أَبِيكَ وَأُمِّكَ حَتّي تَأْتِيَكَ هَدِيَّتُكَ، إِنْ كُنْتَ صَادِقًا»؟ ثُمَّ خَطَبَنَا فَحَمِدَ اللَّهَ وَأَثْنَى عَلَيْهِ، ثُمَّ قَالَ «أَمَّا بَعْدُ، فَإِنِّى أَسْتَعْمِلُ الرَّجُلَ مِنْكُمْ عَلَى الْعَمَلِ مِمَّا وَلاَّنِي اللَّهُ، فَيَأْتِي فَيَقُولُ، هَذَا مَالُكُمْ وَهَذَا هَدِيَّةٌ أُهْدِيَتْ لِي، أَفَلاَ جَلَسَ فِي بَيْتِ أَبِيهِ وَأُمِّهِ حَتَّى تَأْتِيَهُ هَدِيَّتُهُ، إِنْ كَانَ صَادِقًا، وَاللَّهِ لاَ يَأْخُذُ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنْهَا شَيْئًا بِغَيْرِ حَقِّهِ، إِلاَّ لَقِيَ اللَّهَ تَعَالَى يَحْمِلُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، فَلأَعْرِفَنَّ أَحَدًا مِنْكُمْ لَقِيَ اللَّهَ يَحْمِلُ بَعِيرًا لَهُ رُغَاءٌ، أَوْ بَقَرَةً لَهَا خُوَارٌ، أَوْ شَاةً تَيْعِرُ» ثُمَّ رَفَعَ يَدَيْهِ حَتَّى رُئِيَ بَيَاضُ إِبْطَيْهِ، ثُمَّ قَالَ: «اللَّهُمَّ هَلْ بَلَّغْتُ»؟ بَصُرَ عَيْنِي وَسَمِعَ أُذُنِي. (مسلم - 1832).

Ҳадис!
Ҳазрати Аби Ҳумайди Соъиди, разияллоҳу ъанҳу, мегӯяд, ки Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, мардеро аз қабилаҳи Азди, ки ӯро ибни Утбияҳ, мегуфтанд, барои ҷамъоварии молӣ садақот вазифадор кард. Вақте, ки аз ҷамъоварии закот баргашт, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз вай ҳисобу китоб гирифт, ва ӯ ба Расулуллоҳ салаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт, ки ин молҳо моли шумо аст, ва ин ҳадя (барои ман дода шуда аст. ) Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд!
Пас чаро дар хонаи падар ва модарат нанишасти, то бароят ҳадяҳ мерасид агар ростгӯ ҳасти.

Баъдан Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам барои мо хутбаҳ баён кард, ва ҳамду ситоиши Аллоҳи мутаъаал-ро гуфт, ва сипас фармуд!
Аммо баъд, ман (вақте, ки) яке аз шумоёнро дар як коре вазифадор мекунам, дар ҳолеки Аллоҳ, ҳақ субҳонаҳу ва таъаалаа, маро мас-ули ин кор қарор дода аст, ва ин мард меояд ва мегӯяд, ки ин моли ту аст ва ин ҳадияҳе аст, ки барои ман дода шуда аст. Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд, ки чаро дар хонаи падар ва модараш нанишаст, то ҳадияҳ ба дасташ бирасад агар рост гӯй ҳаст.
Қасам ба номи Аллоҳ, (агар) яке аз шумо чизеро хиёнатан аз моли садақаҳ мегирад магар дар ҳоле Аллоҳро дар рӯзи қиёмат мулоқот мекунад, ки чизи хиёнат кардааш дар гарданаш овезон аст, ва ман яке аз шуморо мебинам, ки Аллоҳро мулоқот мекунад ва уштуреро дар гардани худ ҳамл карда аст, ва барои ӯ садое аст.
Ё говеро ҳамл карда аст, ва барои ӯ садое аст.
Ё гусфандеро ҳамл карда аст, ва барои ӯ садое аст.
Сипас Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дастҳои худро ба тарафи осмон чунон баланд кард, ки сафеди таги бағалаш намоёон шуд, ва гуфт!
Бор Илоҳо!
Оё ман ( Амри туро ба бандагонат ) расондам.
Ровии ҳадис мегӯяд, ки ин саҳнаро бо чашмонам дидам ва бо гӯшҳоям шунидам.
(Муслим - 1832).


Шарҳи ҳадис!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, мардеро аз қабилаи Азди, барои ҷамъоварии садақот, вазифадор кард, ва он мард вақте, ки барои ҷамъовари садақот рафт, ва баъзе аз мардум, ба ғайр аз моли садақаҳ як чизе ҳадияҳ барояш доданд, ва вақте, ки аз ҷамъоварии закот бар гашта омад, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз ӯ ҳисобот гирифт. Он мард ба Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, гуфт!
Ин моли шумо аст, ва инаш ҳадияҳе аст, ки барои ҳадияҳ ман дода шуда аст.
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, хашмгин шуд, ва сипас баъд аз ҳамд ва санои Аллоҳи мутаъаал, мардумро насиҳате кард ва гуфт!
Вақте, ки ман яке аз шуморо дар ҷамъоварии моли закот вазифадор мекунам, дар ҳоле бар мегардед ва мегуед, ки ин моли шумо аст, ва инаш бошад, барои ман ҳадияҳ дода шуда ас.
Агар ман шуморо вазифадор намекардам ва шумо дар хонаатон менишастед, оё касе барои шумо ҳадияҳе медод?

Пас ҳар касе, ки дар моли закот хиёонат кунад, дар рӯзи қиёмат ба ҳамон моли хиёнат кардааш ъазоб дода мешавад.

Фоидаи ҳадис!
1) - Инсонҳои садоқатманд, бояд ба вазифаҳ гузошта шаванд.
2) - Ҳар моле, ки дар вақти ҷамъоварии закот дода мешавад, таъалуқ ба байтулмол дорад.
3) - Дар баробари ъамали хиёнат, бояд ба мардум насиҳат карда шавад.
4) - Инсонҳои хиёнаткор дар рӯзи қиёмат ошкор мешаванд.
5) - Инсон ҳар чизеро, ки хиёнат мекунад бо ҳамон чиз дар рӯзи қиёмат ъазоб дода мешавад.
5) - Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, динро барои мо комил карда аст.

Боракаллоҳу фикум.

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
28 - عَنْ حُذَيْفَةَ ابْنِ الْيَمَنِ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ قَالَ :
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، (لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ قَتَّاتٌ).
(بخارى - 6056).

Ҳадис!
Аз Ҳузайфаҳ ибни Ямон, разияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Касе, ки суханчин мебошад дохили биҳишт намешавад.
(Бухори - 6056).

Шарҳ!
Ногуфта намонад, ки суханчин ба шахсе гуфта мешавад, ки дар байни ду нафар ва ё дар байни мардум, сухан чинӣ ва хабар каши мекунад, то ин, ки дар байни онҳо ҷангу ҷанҷол ва душмани биандозад.
Дар як шеър чунин омадааст, ки
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст.
Суханчини бадбахт ҳезум каш аст.
Қаттод гуфта наммомро мегӯянд, яъне сухан ҷинро мегӯянд).
Боракаллоҳу фикум.

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
عَنْ حُذَيْفَةَ بْنِ الْيَمَانِ قَالَ : قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : ( يَدْرُسُ الْإِسْلَامُ كَمَا يَدْرُسُ وَشْيُ الثَّوْبِ ، حَتَّى لَا يُدْرَى مَا صِيَامٌ وَلَا صَلَاةٌ وَلَا نُسُكٌ وَلَا صَدَقَةٌ ، وَلَيُسْرَى عَلَى كِتَابِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ فِي لَيْلَةٍ ، فَلَا يَبْقَى فِي الْأَرْضِ مِنْهُ آيَةٌ ، وَتَبْقَى طَوَائِفُ مِنْ النَّاسِ الشَّيْخُ الْكَبِيرُ وَالْعَجُوزُ ، يَقُولُونَ أَدْرَكْنَا آبَاءَنَا عَلَى هَذِهِ الْكَلِمَةِ ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ فَنَحْنُ نَقُولُهَا .
فَقَالَ لَهُ صِلَةُ : مَا تُغْنِي عَنْهُمْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَهُمْ لَا يَدْرُونَ مَا صَلَاةٌ وَلَا صِيَامٌ وَلَا نُسُكٌ وَلَا صَدَقَةٌ؟!
فَأَعْرَضَ عَنْهُ حُذَيْفَةُ ، ثُمَّ رَدَّهَا عَلَيْهِ ، ثَلَاثًا ، كُلَّ ذَلِكَ يُعْرِضُ عَنْهُ حُذَيْفَةُ .
ثُمَّ أَقْبَلَ عَلَيْهِ فِي الثَّالِثَةِ فَقَالَ : يَا صِلَةُ ؛ تُنْجِيهِمْ مِنْ النَّارِ ، ثَلَاثًا ) .
(( روى إبن ماجه 4049
والحديث صححه الألباني في صحيح ابن ماجه .))

Хадис!
Хузайфа ибни Ямон, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Ислом аз байн меравад, ҳамчуноне, ки риштаҳой либос, (якто - якто кушода шуда аз байн мераванд, ба ҳамин гуна аз байн меравад Ислом), ҳатто, ки (мардум) намедонанд, ки рӯзаҳ чист, ва намоз чист, ва ҳаҷ чист, ва закот чист.
Ва китоби Аллоҳи мутаъаал, (яъне - қур-они Карим), низ дар як шаб, бардошта мешавад, (то ҷое, ки), дар рӯй замин як оятҳам боқӣ намемонад.
Ва (дар рӯй замин), тоифае аз мардум боқӣ мемонанд, ки мардони солхурдаҳ, ва занони солхурдаҳ, ҳастанд.
Онҳо мегӯянд!
Мо аз падару бобоҳой худамон, ҳамин калимаҳи Лап илаҳа иллаллоҳро, (таълим гирифтаем), ва мо низ ҳамин калимаро мегӯем.
Силаҳ, (ба Ҳузайфаҳ ибни ямон), гуфт!
Ин калимаҳи, Лаа илааҳа иллаллоҳ, барой онҳо чӣ фойда мебахшад, дар ҳоле, ки онҳо намедонанд, ки намоз чист, ва рӯзаҳ чист, ва ҳаҷ чист, ва закот чист!?
Ин суханро барой
Хузайфаҳ, разияллоҳу ъанҳу, се маротибаҳ такрор кард.
Сипас дар охир Ҳузайфаҳ, ибни Ямон, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Эй Силаҳ, (гуфтани ана ҳамин калимаҳ) онҳоро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, ва себор ҷавоб гуфт!

(Ривояти ибни Моҷаҳ - 4049.
Сахих Албони, дар сахих ибни Моҷаҳ).

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
1219 - عَنْ يَزِيدَ بْنِ أَبِي عُبَيْدٍ مَوْلَى سَلَمَةَ بْنِ الأَكْوَعِ قَالَ: قُلْتُ لِسَلَمَةَ: عَلَى أَىِّ شَىْءٍ بَايَعْتُمْ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَوْمَ الْحُدَيْبِيَةِ؟ قَالَ: عَلَى الْمَوْتِ.
(مسلم - 1860).

Ҳадис!
Язид ибни Аби - Ъубайд, мавлои Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу, фармуд!
Ман ба Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу гуфтам.
Бар чи чизе шумо бо Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, рӯзи Ҳудайбӣяҳ, байъат кардед?
Гуфт!
Бар мавт.
(Яъне - бар марг байъат кардем, вале баъзеҳо гуфтанд, ки бар фирор накардан аз ҷанг байъат кардем.)

(#Муслим - 1860).

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
1221- عَنْ جُنَادَةَ بْنِ أَبِي أُمَيَّةَ قَالَ: دَخَلْنَا عَلَى عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ وَهُوَ مَرِيضٌ فَقُلْنَا: حَدِّثْنَا أَصْلَحَكَ اللَّهُ، بِحَدِيثٍ يَنْفَعُ اللَّهُ بِهِ، سَمِعْتَهُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: دَعَانَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَبَايَعْنَاهُ، فَكَانَ فِيمَا أَخَذَ عَلَيْنَا أَنْ بَايَعَنَا عَلَى السَّمْعِ وَالطَّاعَةِ، فِي مَنْشَطِنَا وَمَكْرَهِنَا، وَعُسْرِنَا وَيُسْرِنَا، وَأَثَرَةٍ عَلَيْنَا، وَأَنْ لاَ نُنَازِعَ الأَمْرَ أَهْلَهُ، قَالَ: «إِلاَّ أَنْ تَرَوْا كُفْرًا بَوَاحًا عِنْدَكُمْ مِنَ اللَّهِ فِيهِ بُرْهَانٌ». (مسلم - 1709).

Ҳадис!
Ҷунода ибни Аби - Умайяҳ, раҳимаҳуллоҳ, мегӯяд!
Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу, мариз буданд, ки мо ба наздаш даромадем ва гуфтем!
Аллоҳи мутаъаал туро шифо диҳад.
(Ва баъд аз он ба ӯ гуфтем).
Баён кун барои мо ҳадисеро, ки аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ту шунидани, ва Аллоҳи мутаъаал, (ъамал кардани бар он) ҳадисро барои мо фойданок гардонад,
(ва аҷру подош барои мо насиб гардонад).

Пас Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, моро ба наздаш даъват кард.
Ва мо бо Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, байъат кардем.(Байъати ъақабатул уулаа, ки ду сол қабл аз ҳиҷрат буд).
Пас аз ҷумла умуре, ки дар мавриди онҳо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз мо байъат гирифт, ин буд, ки мо ба гӯш кардан ва итоъат кардан, бо ӯ байъат кардем.
Он чизеро, ки барои мо мегӯяд, мувофиқи хоҳишоти нафси мо бошад, (яъне - нафс бар он мутмаъин шавад, ва розӣ шавад), ва ё он чизеро, ки барои мо мегӯяд, агар, чи хилофи хоҳишоти нафси мо бошад, боз ҳам, мо бо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, байъат кардем.
Чи дар ҳолати сахти бошад, ва чи дар ҳолати осони бошад, ва чи дар ҳолати фақру беморӣ бошад, ва чи дар ҳолати шодӣ ва озодӣ бошад.
Дар ҳама ҳолатҳо, мо бо ӯ байъат кардем.

Ва тарҷиҳ додани бар мо, (яъне - агар, чи валиюл амр баъзе чизҳой дунёро барои худаш тарҷиҳ диҳад, яъне баъзе молу - анволу, ҷову маконро, азони худаш кунад, ва моро аз он чизҳо маҳрум созад, дар ҳоле, ки мо дар он чизҳо ҳақ дорем, аммо ӯ он чизҳоро
азони худаш кунад, ва ё барои дигар касе бидиҳад,
боз ҳам, мо бо ӯ байъат шикани намекунем).
Ва боз ҳам мо бо ӯ байъат кардаем.

Ва ҳам чунон мо бо ӯ (яъне - бо валиюл амр, ё бо подшоҳи мусалмон, ва ё бо амире набояд) мухолифат кунем ва даргир шавем.
(Балки мо бояд аз ӯ дар ҳама ҳолатҳо, ғайр аз куфру ширки ошкоре, ки агар далиле барои собит кардани куфру ширкаш дошта бошем, дар ин сурат бо ӯ мухолифат мекунем, дар ғайри ин суратҳо аз ӯ итоъат мекунем).

Магар ин, ки аз онҳо, куфри ошкоре мешоҳида кардед, ва барои он аз ҷониби Аллоҳи мутаъаал, далил ва бурҳоне дошта бошед. (дар ин сурат метавонед бо онҳо мухолифат кунед).

(Муслим - 1709).

Шарҳ!
Вақте, ки Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу, бемор буданд, ба наздашон гурӯҳе аз асҳоб ва тобиъин, дохил шуданд, ва дар ҳақаш дуъой хайр карданд, ва ба ӯ гуфтанд!

Барои мо ҳадисеро, ки худат аз Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, шундаи, нақл кун, то аз он ҳадис манфиъат барем, ва Аллоҳи мутаъаал, ба сабаби ъамал кардан ба он ҳадис, аҷру подоше барои мо насиб гардонад.
Сипас Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Мо бо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бар гӯш кардан ва итоъат кардан дар ҳама ҳолатҳо, байъат кардем.
Агар чи суханонаш мувофиқи хоҳишоти нафси мо бошад, ва ё мухолифи хоҳишоти нафси мо бошад, мо аз фармонаш итоъат мекунем, ва саркаши намекунем.
Чи дар ҳолатҳой сахти ва чи дар ҳолатҳой фақру танг дасти, ва чи дар ҳолатҳои ғаму шодӣ, аз ӯ итоъат мекунем.
Яъне дар ҳама, ҳолатҳо, аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, итоъат мекардем.

Ва агар, чи барои мо як подшоҳе ё як амире, таъин карда шавад, агар чи ҳамон подшоҳ ва ё ҳамон амир, баъзе чизҳой дунёро азони худаш кунад, ва ё барои дигаре бидиҳад, ва ҳаққу ҳуқуқи моро поймол кунад ва зоеъ кунад, боз ҳам, мо бар ъалайҳи ӯ хуруҷ намекунем ва бо ӯ ҷангу ҷидол ва муноқишае намекунем.
То замоне, ки аз он подшоҳ ё аз он амир, куфри баввоҳ, яъне - куфри сариҳ ва ошкор, дида нашавад, мо бар ъалайҳи ӯ намебароем .

Ва ногуфта намонад, ки мо бояд далиле барои собит кардани куфру ширкаш, аз қур-он ва суннат дошта бошем, дар ин сурат бар ъалайҳи ӯ мухолифат кардан ҷавоз дорад.
Дар ғайри ин сурат мухолифат кардан ва хуруҷ кардан бар ъалайҳи ин гуна подшоҳ ё амир, ҳаром аст.

Фоидаи ҳадис!
Дар ҳама ҳолат бо ҳар подшоҳи мусалмоне, ки он подшоҳро аҳли ъилм ва ё дигар мардумон таъин кунанд, ва ба вазифа гузоранд, ва аз ӯ итоъат кунад.
Дар ин сурат ҳаром аст бар ъалайҳи ингуна подшоҳ ё амир хуруҷ кардан ва мухолифат кардан.
Магар дар ҳолате, ки куфри баввоҳ дар у дида шавад.

Боракаллоҳу фикум.

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
1422- عَنْ عُمَرَ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ يَقُولُ عَلَى الْمِنْبَرِ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: لاَ تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتِ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ، فَإِنَّمَا أَنَا عَبْدُهُ فَقُولُوا: عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ.

(بخارى - 3445).


Хадис!
Аз Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки болой минбар мегуфт!
Шунидам, ки Набӣи Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мегуф!
Дар (ҳаққи ман) дар мадҳ ва ситоиш (ғулув накунед, яъне - зиёда рави накунед.
Яъне - нашавад, ки баъзе сифатҳои Улуҳтятро, дар ман қарор диҳед, ва иътиқод кунед. Чунки ин гуна иътиқод инсонро ба тарафи ъибодати бандаҳ мекашонад, ва аз дини Ислом, хориҷ мекунад).
Он чуноне, ки зиёда рави карданд, Насоро (яъне - Христянҳо) барои Ъисо писари Марям.
(Ва ӯро писари Худо гуфтанд, ва ба мурури замон ӯро ъибодат карданд.)
Ҳамоно ман бандаҳи Аллоҳ ҳастам.
Пас бигӯед шумо, ки!
Бандаҳи Аллоҳ ва Расули Аллоҳ.
(Яъне - ман бандаҳи Аллоҳ ҳастам, маъбуд нестам.
Пас маро Бандаҳи Аллоҳ ва Расули Аллоҳ бигӯед!)

(Бухори - 3445).

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
1222 - عن عَائِشَةَ زَوْجَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَتْ: كَانَتِ الْمُؤْمِنَاتُ، إِذَا هَاجَرْنَ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُمْتَحَنَّ بِقَوْلِ اللَّهِ ﻷ: ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ يُبَايِعۡنَكَ عَلَىٰٓ أَن لَّا يُشۡرِكۡنَ بِٱللَّهِ شَيۡ‍ٔٗا وَلَا يَسۡرِقۡنَ وَلَا يَزۡنِينَ وَلَا يَقۡتُلۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ وَلَا يَأۡتِينَ بِبُهۡتَٰنٖ يَفۡتَرِينَهُۥ بَيۡنَ أَيۡدِيهِنَّ وَأَرۡجُلِهِنَّ وَلَا يَعۡصِينَكَ فِي مَعۡرُوفٖ فَبَايِعۡهُنَّ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُنَّ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ١٢﴾ [الممتحنة: 12].
قَالَتْ عَائِشَةُ: فَمَنْ أَقَرَّ بِهَذَا مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ، فَقَدْ أَقَرَّ بِالْمِحْنَةِ، وَكَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا أَقْرَرْنَ بِذَلِكَ مِنْ قَوْلِهِنَّ قَالَ لَهُنَّ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «انْطَلِقْنَ فَقَدْ بَايَعْتُكُنَّ» وَلاَ وَاللَّهِ مَا مَسَّتْ يَدُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدَ امْرَأَةٍ قَطُّ. غَيْرَ أَنَّهُ يُبَايِعُهُنَّ بِالْكَلاَمِ، ـ قَالَتْ عَائِشَةُ ـ وَاللَّهِ مَا أَخَذَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى النِّسَاءِ قَطُّ إِلاَّ بِمَا أَمَرَهُ اللَّهُ تَعَالَى، وَمَا مَسَّتْ كَفُّ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَفَّ امْرَأَةٍ قَطُّ، وَكَانَ يَقُولُ لَهُنَّ إِذَا أَخَذَ عَلَيْهِنَّ: «قَدْ بَايَعْتُكُنَّ» كَلاَمًا.
(مسلم - 1866).


Ҳадис!
Ъойшаҳ, разияллоҳу ъанҳаа, ҳамсари гиромии, Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мегӯяд!
Ҳангоме, ки занони муумина, ба сӯй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳиҷрат мекарданд, бар асоси ин қавли Аллоҳи мутаъаал, аз онҳо байъат гирифта мешуд, ки!

(يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ يُبَايِعۡنَكَ عَلَىٰٓ أَن لَّا يُشۡرِكۡنَ بِٱللَّهِ شَيۡ‍ٔٗا وَلَا يَسۡرِقۡنَ وَلَا يَزۡنِينَ وَلَا يَقۡتُلۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ وَلَا يَأۡتِينَ بِبُهۡتَٰنٖ يَفۡتَرِينَهُۥ بَيۡنَ أَيۡدِيهِنَّ وَأَرۡجُلِهِنَّ وَلَا يَعۡصِينَكَ فِي مَعۡرُوفٖ فَبَايِعۡهُنَّ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُنَّ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ١٢) (الممتحنة: 12).

(Сураҳи Мумтаҳанаҳ ояти - 12).

Аллоҳи мутаъаал мефармояд!

Эй Паёмбар!
Ҳар гоҳе, ки занони муумина, назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, (тавре бо онҳо байъат кун, ки онҳо), бо Аллоҳи мутаъаал, чизеро шарик қарор надиҳанд, дузди накунанд, муртакиби зино нашаванд, фарзандонашро накушанд, ва тӯҳматеро, ки сохта ва бофтаи худашон аст, ба касе назананд, ва дар корҳои нек аз ту нофармон бардори накунанд, (дар ин сурат), бо онҳо байъат кун.
Ва барои онҳо аз Аллоҳи мутаъаал омӯрзиш бихоҳ.
Қатъан Аллоҳи мутаъаал омурзанда ва меҳрубон аст.

Ъойшаҳ разияллоҳу ъанҳаа, мегӯяд!
Ҳар зани муумине, ки мавориди дар боло бударо, ба забон биёварад, ва қабул кунад, дар ҳақиқат байъат кардааст.

Ва ҳангоме, ки занони муумина, ин суханонро ба забон меоварданд, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба онҳо мегуфт!
Биравед ман бо шумо байъат кардам.
Ва савганд ба Аллоҳ, ки ҳаргиз дасти Паёмбари Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дасти ҳеҷ занеро ламс накард.
Фақат ба тарзи каломи ва забони бо онҳо байъат мекард.

Ҳамчунин Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар корҳое аз занон байъат мегирифт, ки Аллоҳи мутаъаал ба ӯ дастур дода буд.
Ва ҳаргиз каффи дасти ҳеҷ зане, (ба дасти мубораки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам,) нарасид.
Ва ҳангоме, ки аз онҳо ъаҳду паймон мегирифт ва байъат мекард, сарфан ба сурати каломи ва забони мефармуд!
Бо шумо байъат кардам.
(Муслим - 1866).

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
1224 - عَنْ يَحْيَى بْنِ حُصَيْنٍ عَنْ جَدَّتِهِ أُمِّ الْحُصَيْنِ قَالَ: سَمِعْتُهَا تَقُولُ: حَجَجْتُ مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَجَّةَ الْوَدَاعِ قَالَتْ: فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَوْلاً كَثِيرًا، ثُمَّ سَمِعْتُهُ يَقُولُ: «إِنْ أُمِّرَ عَلَيْكُمْ عَبْدٌ مُجَدَّعٌ ـ حَسِبْتُهَا قَالَتْ ـ أَسْوَدُ، يَقُودُكُمْ بِكِتَابِ اللَّهِ، فَاسْمَعُوا لَهُ وَأَطِيعُوا».
(مسلم - 1838).

Ҳадис!
Аз Яҳё ибни Ҳусайн ва ӯ аз модар калонаш Умми Ҳусайн! Ривоят мекунад, Гуфт!
Шунидам, ки модар калонам умми Ҳусайн, гуфтанд!
Ман ҳамроҳи Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ҳаҷҷи видоъ якҷоя будем,
(ва якҷоя ҳаҷ кардем).
Пас модари Ҳусайн гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ҳаҷҷи видоъ, хутбаҳи дарозе баён карданд.
Пас шунидам, ки Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, (дар хутбаҳаш) мегӯфтанд!
Агар барои шумо як ғуломе, амир, таъин шавад, ки (ҳамон амир), як ғуломи муҷаддаъ бошад, (яъне - ягон ъузве аз аъзои баданаш қатъ шуда бошад, масалан дасташ ё пояш, ё гӯшаш қатъ шуда бошад, гумон мекунам, ки ҳамин гӯна гуфт, ва ё гуфт, ки сиёҳ бошад.
Яъне - агар амири шумо як ғуломе бошад, ки ягон ъузваш набошад ё ғуломи сиёҳе бошад).
Шуморо роҳнамои кунад ба китоби Аллоҳ, ва суннатӣ Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ва барои шумо аз китоби Аллоҳ, ва Расулаш, ҳукм кунад, ва файсала кунад.
Пас ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоъат кунед.
(Муслим - 1838).

Шарҳ!
Яъне - Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба умматаш баён кардааст, ки агар барой шумо як амире таъин карда шавад, ки ҳамон амир ғулом бошад, ва ъузве аз аъзои баданаш бурида шудаги бошад, ва ё сиёҳ пӯст бошад.
Вақте, ки дар миёни шумо қур-он ва суннатро ҳоким қарор диҳад, ва ба ҳукми қур-он ва суннат ҳукм кунад ва файсала кунад,
аз ӯ итоъат кунед, ва ӯро гӯш кунед.
Яъне - шумо шикоят накунед, ки ин амир як ғуломи ъузв бурида аст, ва ё як ғуломи мазанг аст, гуфта, шикоят накунед.
Вақте, ки аҳли ъилм ва аҳли хирад он ғуломро барои шумо амир таъин карданд, то замоне, ки ба қур-он ва суннат ҳукм мекунад, аз ӯ пайрави кунед ва ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоъат кунед.

Фоидаҳи ҳадис!

Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ҳаҷҷи видоъ ҳар амреро, ки барои умматаш муҳим медонӣст, баён кард.
Аввал ин, ки итоъат кардан аз амирро ҷузъи воҷиботи дин донист, но вобаста бар он, ки он амир ғулом бошад ва ъузв бурида бошад ва ё ғуломи сиёҳ пӯсте бошад.
То замоне, ки дар байни шумо ба қур-он ва суннат ҳукм кунад ва аз қур-он ва суннат файсала кунад, ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоъат кунед.
Боракаллоҳу фикум.

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@islamtajikistan🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
2024/05/03 22:30:12
Back to Top
HTML Embed Code:


Fatal error: Uncaught Error: Call to undefined function pop() in /var/www/tgoop/chat.php:243 Stack trace: #0 /var/www/tgoop/route.php(43): include_once() #1 {main} thrown in /var/www/tgoop/chat.php on line 243